Боздошти 23 ҷангӣ дар Афғонистон, ки қасди ҳамлаҳои террористӣ дар 4 ноҳияро доштанд
Душанбе, 23.09.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дар доираи як амалиёт, ки баҳри субот дар Афғонистон дар рӯзҳои таҷлили иди Қурбон равона шудааст, кормандони раёсати амният на камтар аз 23 ҷангиро боздошт карданд. Дар ин бора «Хома-пресс» иттилоъ медиҳад.
Дар ҳисоботи расмии РАМ омадааст, ки боздоштшудагон талош доштанд дар қаламрави ноҳияҳои Ҳилманд, Қандаҳор, Балх ва Нимрӯз ҳамлаҳои террористӣ анҷом диҳанд.
Дар рафти амалиёт, ки ҳамлаҳои террористии калон пешгирӣ шуданд, инчунин аз ифротгароён мототсиклҳои (моторишка) муҷаҳҳаз бо маводи тарканда, камарбандҳои худкушӣ, 6 таҷҳизоти худсози тарканда, 150 кг моддаҳои тарканда, 16 норинҷаки дастӣ, 6 автомати Калашников, мошин, 2 мототсикл ва се ҷуфт либоси ҳарбӣ дарёфт ва мусодира шуданд.
Дар баробари ин, дар қисмати роҳи мошингарди фурудгоҳи Кобул кормандони полис мототсикли бо маводи тарканда муҷаҳҳазро дарёфт карданд. Таҷҳизоти тарканда безарар гардонида шуда, ҳамлаи ифротгароёни номаълум бомуваффақият пешгирӣ шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






