Чин иқдомҳои Тоҷикистонро дар самти таъмини амният ва субот дар ин кишвар дастгирӣ менамояд
Душанбе, 10.09.2015. (АМИТ «Ховар»). – Ҷумҳурии Мардумии Чин иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои таъмини амнияти давлатӣ ва субот дар ин кишвар дастгирӣ менамояд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Хун Лэй, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии ҶМЧ изҳор дошт.
Бино ба иттилои Агентии иттилоотии «Синхуа», дипломати чинӣ гуфтааст, ки Чин ва Тоҷикистон ҳамсоягони дӯсти наздик ва шарикони стратегӣ мебошанд. Чин ба ҳамлаи мусаллаҳона дар Тоҷикистон аҳамияти калон медиҳад.
«Ҷониби Чин барои таҳкими ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар соҳаи амният омода буда, тасмим дорад сулҳу субот дар ҳарду кишвар ва минтақаро бо талошҳои муштарак ҳифз намояд», — тазаккур дод намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Чин.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






