«Чоҳкан зери чоҳ»

Сентябрь 23, 2015 04:59

Душанбе, 23.09.15. (АМИТ «Ховар»). — Воқеаҳои  охирине, ки аз 3 то 4  сентябри  соли  2015  рух  доданд, ягон  шаҳрванди   солимфикри  Ҷумҳурии  Тоҷикистонро   бепарво  нагузоштанд, зеро сиришки  дидаи  модарони  фарзандонашонро  талафдода  ҳанӯз  хушк  нашудааст,  ғаму  андӯҳи   занони  мардонашонро  аздастдода,   мусибати   зиндагии  дар  ғарибӣ  басарбурдаи   гурезаҳои  ҷанги  дохилии  солҳои  1992 — 1997 ҳанӯз  аз  байн  нарафтааст. 
Халқи  тоҷик  он  рӯзҳоеро, ки  ҳазорҳо  фарзандонаш  бо  умеди  ояндаи  беҳтарин  ҷонашонро  қурбон  карда буданду  кишвар  баробари  миллиардҳо  доллар  хисорот  дида  буд,  фаромӯш  накардааст. Мо  ҳанӯз  ҳам  дар ёд  дорем, ки  сулҳу  субот  ба  ивази  кадом  ҷонбозиҳо  ба даст омадааст. Наход, ки  баъзеҳо аз басар  бурдани зиндагӣ  дар  шароити   сулҳу  ризоият  безор  шуда бошанду мансабҳои баландро  ишғол  намуда, қасами  садоқат ба  Ватанро  ёд  карда,  ҳамзамон  ба Ватан  хиёнат  кунанд?  Наход, ки  подоши   саъю  кӯшиш  ва   ғамхориҳои  Ҳукумат  ва ба вежа  подоши   хидматҳои Президенти  кишвар, ки ба  халқи тоҷик  гуфта  буд  ба  кишвар  сулҳ  меораду  то  дами   дар  хориҷа  мондани  ҳатто як  нафар  тоҷик  худро  ором ҳис  нахоҳад  кард,  ҳамин  хиёнатгарӣ  бошад? Сарвари  давлат  ваъдаи  ба  халқи  тоҷик  додаашро  бо  сарбаландӣ  иҷро  кард.
Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  манзури  пойдории  сулҳу  суботи  кишвар  бо  роҳбарии  Президент  Эмомалӣ  Раҳмон  намояндагону ҷонибдорони Иттиҳоди мухолифони  тоҷикро  авф  карда,  онҳоро  ба   мансабҳои  мухталифи  давлатӣ  таъйин  намуд.  Онҳо  ба  ҷойи  поквиҷдонона ба ҷо  овардани  хидмати  халқу  Ватан,  мутаассифона, манфиатҳои  шахсии  худро аз  манфиатҳои миллату  давлат болотар  гузоштанд. Собиқ  муовини   вазири  мудофиаи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Назарзода Абдуҳалим  Мирзо, ки  бо  номи «Ҳоҷӣ  Ҳалим»  маъруф  буд,  сардори  раёсати  назорати  ҳарбии  Вазорати  мудофиа Умаров  Ҷунайдулло  Сатторович ва ҷинояткорони  дигар  аз  ҷумлаи собиқ хидматчиёни  ҳарбии  баталёни  25 — уми қисми  ҳарбии 31001 Вазорати мудофиа аз қабили  онҳоанд.  Халқи тоҷик  ба  онҳо  бовар  мекарду  умедвор  буд, ки  онҳо  чун  хидматчиёни  вафодори  ҳарбӣ Ватанро  ҳифз  мекунанд.
Вале  шахсони  номбурда бо  мақсади  овардани  ҳамлаи  мусаллаҳона  ба намояндагони   сохторҳои  қудратӣ  дар  ҳудуди  шаҳри  Душанбе,  ноҳияҳои  Ваҳдат ва  Рӯдакӣ бо  истифода  аз  ваколатҳои  хидматиашон  вориди  бинои  маъмурии Дастгоҳи  маркази Вазорати  мудофиаи Ҷумҳурии  Тоҷикистон  шуда,  дар  ҳудуди  қисмҳои  ҳарбӣ теъдоди  зиёди  аслиҳаи оташфишонӣ ва лавозимоти  ҳарбиро  ба даст оварданд.
Мувофиқи изҳороти Прокуратураи  генералӣ  роҳбарии ҳамлаҳои  мусаллаҳонаи  рӯзи  4  сентябр ба  шӯъбаи Вазорати  корҳои дохилӣ дар  шаҳри  Ваҳдат ва ба  қатл  расонидани  кормандони  мақомоти  ҳифзи  ҳуқуқ дар  хамгашти  кӯчаҳои  Айнӣ ва Аҳмади Дониши  пойтахт,  ҳамчунин  дар  ҳудуди  ноҳияи  Рӯдакиро  аъзои   гурӯҳи  ҷинояткори  зикршуда ба  ӯҳда  доштанд. Тавре  ки дар  ҳикмати  халқ  омадааст, «Море моро неш  зад, ки дар  бағал  парварда будем».
Вале  дар натиҷаи  саъю  кӯшишҳои  муштараки  мақомоти ҳифзу  ҳуқуқ ва  аҳолии  маҳаллии  шаҳри  Ваҳдат  16  сентябр  гурӯҳи  ҷинояткор  нест  карда шуд. Мутаассифона,  дар  ҷараёни амалиёти  махсус  14  нафар  кормандони  мақомоти  ҳифзи  ҳуқуқ  ҳалок  шуданд, ки  мо ба  шуҷоату  корнамоии  онҳо  сари таъзим фуруд  меорем. Рафтори  диловаронаи  онҳо аз  диловарию ватандӯстӣ шаҳодат  намуда, барои ҷавононамон  дарси  ибрат  аст.
Таври маълум, Прокуратураи генералии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  нисбат ба  ташкилкунандагону  иштирокдорони  ин  гурӯҳи  ҷинояткор  парвандаҳои  ҷиноӣ  кушод. Чунонки   мегӯянд, «Чоҳкан  зери  чоҳ».

Муовини  сардори  Раёсати
Маркази тадқиқоти  стратегии 
назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон
Камолова  М.Р.

Сентябрь 23, 2015 04:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои баргузории Фестивали бозиҳои варзиши миллӣ оғоз гардиданд
Ҷаласаи 6-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳифзи муҳити зист доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид
«ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!». Дар шаҳри Ҳисор ташкилоти ибтидоии нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар лагерҳои «Шабдез» ва «Саодат»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 230 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳри Норак дар ин самт намунаи ибратанд
Дар Истаравшан корҳои омодагӣ ба соли хониши 2025-2026 вусъат меёбанд
Дар шаҳри Норак 5215 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ҷалб карда мешаванд
Дар Китобхонаи миллӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд «Гӯшаи китобҳои гӯё» ташкил гардид
Имрӯз ҳаво дар Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад