Чорабиниҳои зиддинашъамандӣ оғоз гардиданд
Душанбе, 21.09.2015. (АМИТ «Ховар»).-Бо мақсади татбиқи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 сентябр дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — Ҷиргатол, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод, Файзобод, шаҳрҳои Роғун ва Турсунзода чорабиниҳои зиддинашъамандии оммавӣ-фарҳангӣ ва варзиширо оғоз намуданд.
Мақсади чорабиниҳо — тарғиби тарзи ҳаёти солим, ташаккули муносибати манфӣ нисбат ба истеъмоли маводи мухаддир мебошад.
19 сентябр чунин чорабинӣ дар ноҳияи Ҷиргатол бо иштироки мактаббачагон, донишҷӯёни мактабҳои махсус, намояндагони табақаҳои мухталифи аҳолӣ баргузор гардид.
Гузаронидани чунин чорабиниҳо дар моҳи октябри соли ҷорӣ дар ноҳияҳои Дарвоз, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба нақша гирифта шудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






