Чорбиниҳои идона бахшида ба 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд
Душанбе, 4.09.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз, 4 сентябр намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба муносибати 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аёдати 232 нафар бошандагони Муассисаи давлатии хона — интернати беморони рӯҳӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов омада, барои онҳо дастурхони идона оростанд.
Чорабиниҳои идона дар шаҳри Хуҷанд ҳамчунин дар Муассисаи махсус барои кӯдакони қувваи босираашон суст ва нобино, Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон, Муассисаи давлатии махсусгардонидашудаи табобатии Хонаи кӯдакон, Мактаб-интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд, барпо карда шуданд.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дода шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






