Дар Душанбе намоишгоҳи молҳои Равалпиндӣ гузаронида мешавад
Душанбе, 04.09.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Покистон тасмим гирифтааст, ки охири моҳи октябр дар Душанбе намоишгоҳи молҳои истеҳсолии шаҳри Равалпиндӣ ва ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Покистонро баргузор намояд. Масъалаи мазкур дар мулоқоти Шариф Саид -раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо Тариқ Иқбол Соомро- сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Назар ба иттилои Мукаммал Раҷабӣ -сухангӯи Палатаи савдо ва саноати кишвар мусоҳибон дар мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратии байни ду кишварро матраҳ намуданд. «Тоҷикистон ба дурнамои ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бо Покистон хушбин аст», афзуд Шариф Саид. Мавсуф баргузории намоишгоҳҳои молҳои истеҳсоли Покистонро дар Душанбе қадами устувор дар роҳи тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ, ҷалби сармояи покистонӣ ба иқтисоди кишвар, ташкили корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, дарёфти шарикони тиҷоратӣ ва шинохти бозорҳои ҳар ду кишвар унвон кард.
Дипломати покистонӣ афзуд, ки Тоҷикистон барои Покистон, яке аз шарикони боэтимоди иқтисодию тиҷоратист. Умед аст, ки ташкили намоишгоҳи молҳои Покистон ва ҳамоиши доираҳои тиҷоратии ҳар ду кишвар дар Душанбе заминаи мусоидро дар рушди минбаъдаи таҳкими ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар фароҳам хоҳад овард.








Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд






