Дар Иди Курбон як рӯзи истироҳатӣ эълон шудааст

Сентябрь 23, 2015 04:20

Душанбе, 23.09.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). -24 сентябр дар Тоҷикистон  ва дигар давлатҳои мусулмонӣ Иди Қурбон ҷашн  гирифта мешавад.  24 сентябр ҳамчун рӯзи ид аз ҷониби Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон муайян гардидааст.  
Мувофиқи Конуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои  ид» рӯзи Иди Қурбон рӯзи истироҳатӣ эълон гаштааст. 
Имсол ин ид ба   рӯзи корӣ рост омадааст  ва аз ҳамин сабаб истироҳат ба дигар рӯз гузаронида намешавад. Яъне, шаҳрвандони Тоҷикистон як рӯз- 24 сентябр истироҳат хоҳанд кард.  23 сентябр  аз сабаби тайёрӣ ба ин ид соати корӣ  як соат кам карда мешавад.  
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон хабар доданд.   25 сентябр рӯзи корӣ мебошад. 
Бояд зикр намуд, ки Иди Қурбон чун анъана дар ҳамаи масҷидҳои кишвар бо намоз оғоз мегардад. Баъдан ҳамаи мусулмонон ба зиёрати сари манзили гузаштагони худ рафта, пас аз он ба аёдати хешу табор ва дӯстону наздикон мераванд.  

 

Сентябрь 23, 2015 04:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд