Дар Ироқ беш аз 100 ҷангии «Давлати исломӣ» маҳв карда шуд
Душанбе, 07.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Қувваҳои мусаллаҳи Ироқ бо дастгирии нерӯҳои мардумӣ беш аз 100 ҷангии гурӯҳи «Давлати исломӣ»-ро дар чанд ноҳияи кишвар маҳв карданд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Ироқ, нерӯҳои ҳавоӣ на камтар аз 60 ифротгароро дар шаҳри Байҷӣ ва дар шарқи Эр-Ромадӣ нобуд сохтанд. Дар шимоли Эр-Ромадӣ бошад, дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоӣ 30 ҷангӣ кушта шуд. Ҳамчунин даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд.
Ба нерӯҳои Ироқ муяссар шуд, ки коргоҳи истеҳсоли маводи тарканда ва воситаҳои нақлиёти дорои маводи таркандаи ифротгароёнро ошкор ва нобуд созанд. Дар канори шаҳри Эл-Фалуҷӣ нерӯҳои Ироқ 13 ҷангии ифротгаро ва ҳокими аз ҷониби ифротгароён таъйиншудаи ноҳия ва ду муовинони ӯро низ маҳв карданд.
Ёдовар мешавем, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ироқ аз моҳи июли соли ҷорӣ барои озод намудани вилояти Анбор аз ифротгароён амалиёти густурдаеро идома медиҳанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






