Дарвозаи замонавӣ дар осорхонаи 2700- солагии шаҳри Кӯлоб

Сентябрь 4, 2015 08:46

Кӯлоб,  04.09.2015 (АМИТ «Ховар»).- Бахшида ба ҷашнҳои 700- солагии алломаи Шарқ Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А Рудакӣ ва пойтахти фарҳангии давлатҳои мустақил дар соли 2015 эълон гардидани шаҳри Кӯлоб, дар даромадгоҳи осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700- солагии шаҳри Кӯлоб аз ҷониби корхонаи воҳиди давлатии таъмиру сохтмонии вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  дарвозаи замонавӣ сохта ба истифода дода шуд. 
Ба  гуфтаи  муҳандиси сохтмони мазкур Садриддин Сафаров, дар ифтитоҳи иншооти нави фарҳангӣ вазири фарҳанг иштирок намуда, хозиронро бо ҷашнҳои миллӣ аз ҷумла 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.
 Ёдрас мешавем, ки осорхонаи 2700 -солагии Кӯлоб яке аз муассисаҳои бузурги фарҳангӣ дар ҷануби кишвар ба ҳисоб рафта, соли 2006-ум ба истифода супорида шуда буд. Дар  айни замон дар он беш аз панҷ хазор нигора махфуз аст.  

 

Сентябрь 4, 2015 08:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид