Дарвозаи замонавӣ дар осорхонаи 2700- солагии шаҳри Кӯлоб
Кӯлоб, 04.09.2015 (АМИТ «Ховар»).- Бахшида ба ҷашнҳои 700- солагии алломаи Шарқ Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А Рудакӣ ва пойтахти фарҳангии давлатҳои мустақил дар соли 2015 эълон гардидани шаҳри Кӯлоб, дар даромадгоҳи осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700- солагии шаҳри Кӯлоб аз ҷониби корхонаи воҳиди давлатии таъмиру сохтмонии вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дарвозаи замонавӣ сохта ба истифода дода шуд.
Ба гуфтаи муҳандиси сохтмони мазкур Садриддин Сафаров, дар ифтитоҳи иншооти нави фарҳангӣ вазири фарҳанг иштирок намуда, хозиронро бо ҷашнҳои миллӣ аз ҷумла 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.
Ёдрас мешавем, ки осорхонаи 2700 -солагии Кӯлоб яке аз муассисаҳои бузурги фарҳангӣ дар ҷануби кишвар ба ҳисоб рафта, соли 2006-ум ба истифода супорида шуда буд. Дар айни замон дар он беш аз панҷ хазор нигора махфуз аст.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






