Дастовези донишмандон ба ҷашни 3000-солагии Ҳисори шодмон
Душанбе, 28.09.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Ба ифтихори ҷашни 3000-солагии Ҳисори шодмон, ки охири моҳи октябр дар сатҳи баланд таҷлил мегардад, донишмандони тоҷик китоби дастаҷамъонаеро таҳти унвони «Фарҳанги водии Ҳисор дар замони Сомониён» ба тозагӣ нашр намуданд. Китоби дастаҷамъона дар нашриёти «Дониш» бо забони русӣ бо ибтикори Академияи илмҳои кишвар ва Бунёди байналмилалии илмии фарҳанги мусиқии мардумони Шарқ (Борбад) ба табъ расид. Донишманди шинохтаи тоҷик Аскаралӣ Раҷабов муҳаррири ин асари дастаҷамъона аст. Дар асар аз китоби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» иқтибос оварда шуда, даврони Сомониён замони шукуфоии илму фарҳанг ва асри тиллоии тамаддуни миллати тоҷик арзёбӣ гардидааст.
Дар асари дастаҷамъӣ раванди рушди таърих, ҳунарҳои шаҳрсозию меъморӣ ва намудҳои мухталифи санъат дар тӯли беш аз ҳазор сол, шуруъ аз таъсиси нахустин давлати тоҷикон- сулолаи Сомониён ва то оғози қарни XXI ба риштаи таҳлил кашида шудааст. Муаллифону мураттибони ин асари дастаҷамъона борҳо дар омӯзишу таҳлил ва раддабандии ёдгориҳои мероси фарҳангии водии Ҳисор ширкат намудаанд. Асари дастаҷамъона барои доираи васеи хонандагон, таърихшиносон, меъморону шаҳрсозон ва кулли шахсоне, ки ба омӯзишу пажӯҳиши фарҳанги қадимаи водии Ҳисор дилбастагӣ доранд, тавсия дода мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






