Дастури Убайдуллоев ба Лангариева :«вазъи ҷойҳои ҷамъиятиро дақиқ намоед!»
Душанбе, 01.09.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Интизор меравад, ки шаҳрдории Душанбе бархе аз ҷойҳои ҷамъиятиро ба марказҳои дӯзандагӣ ва дигар ҳунарҳои истеҳсолии мардумӣ табдил дода, дар ин росто бонувони хонашини Душанберо, бо ҷои кор таъмин созад. Дар иртибот Маҳмадсаид Убайдуллоев-раиси шаҳри Душанбе дар ҷаласаи корӣ ба муовини соҳавияш Ҷамила Лангариева дастур дод, ки ҳамроҳ бо масъулони сохторҳои марбута ҳолати ҷойҳои ҷамъиятие, ки дар маҳаллаю шаҳракҳои пойтахт воқеанд, дар зарфи як ҳафта дақиқ намояд. Ва аз натиҷаи онҳо ба шаҳрдорӣ дар доираи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ маълумот ироа созад. Ин иқдоми шаҳрдорӣ дар ҳолест, ки ҳафтае қабл дар пойтахт 45 гурӯҳи кории таблиғотӣ созмон дода шуд, ки ҳадафи он мубориза бо фарҳанги ғайр ва дигар зуҳуроти номатлуб, бахусус ифротгароист.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






