Давлати исломӣ фурӯши узвҳои инсонро оғоз намуд
Душанбе, 15.09.2015 (АМИТ «Ховар»). — Гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» фурӯши узвҳои инсонро оғоз намуд.
Барои ин кор ҷангиён дар шаҳри Мосули Ироқ “дармонгоҳи махсус» кушоданд.
Бино ба маълумоти намояндаи расмии Ҳизби демократи Курдистони Ироқ дар Найнава Саиди Мамузинӣ , ҷангиёни Давлати исломӣ дар яке аз қасрҳои собиқ Президенти Ироқ Саддом Ҳусейн дар Мосул дармонгоҳеро муҷаҳҳаз гардониданд,ки ба фурӯш ва хариди узвҳои инсон тахассус дода шудааст.
Ҷангиён дар назди ҳамаи маҳбусони зиндонҳои шаҳр интихоб мегузоранд : ё дар шиканҷагоҳ маргро интизор мешаванд ва ё барои ба табибони ДИ супоридани узвҳои бадани хеш розигӣ медиҳанд.
Дар ин беморхона барои супоридани узвҳои дохилӣ на танҳо аз ҷисмҳои азияткашидаи мухолифони ифротгаро, балки аз аъзои ДИ, ки дар вақти даргириҳо бо қӯшунҳои Ироқ ба ҳалокат мерасанд, низ истифода мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






