ДМИТ аъзои CEEMAN мешавад

Сентябрь 30, 2015 04:08

Душанбе, 30.09.2015. (АМИТ «Ховар»).-Рӯзҳои 23-26 сентябр  дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон дар мавзӯи «Ҷаҳонишавӣ ва минтақашавии рушди менеҷмент дар ҷамъияти инкишофёбанда» 23-юмин конфронси байналхалқии CEEMAN баргузор шуд. Дар он муовини ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) оид ба робитаҳои байналмилалӣ Баҳром Сафаров ширкат варзид. Дар ҷараёни конфронс Баҳром Сафаров бо президенти CEEMAN Даниса Пург, директори CEEMAN Олга Велигурская ва директори аккредитатсияи байналмилалии CEEMAN Аленка Брасек Лалис вохӯрӣ намуда, оид ба масоили аъзои CEEMAN шудани ДМИТ ва гирифтани аккредитатсияи байналмилалии CEEMAN (IQA) гуфтушунид намуд.
Ҳамзамон мавсуф бо директори CAMAN Шерин Сужикова низ вохӯрда, бобати гирифтани аккредитатсияи минтақавии ин ташкилот гуфтушунид анҷом дод.  
Дар доираи конфронс байни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи менеҷменти Алмаато, Донишгоҳи шарқии Қирғизистон, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии соҳибкории Алмаато ва Донишгоҳи Сингапури Ҷумҳурии Ӯзбекистон протоколи расмӣ оид ба ташкили Консортсиуми илмӣ-таълимии МТО-и Осиёи Марказӣ ба имзо расонида шуд.
Дар натиҷаи вохӯрию гуфтушунидҳо бо намояндагони донишгоҳҳою созмонҳои ҳузурдошта як силсила шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд, аз ҷумла дастрасӣ пайдо намудан ба Фонди лексияҳои садодор ва дар нимсолаи дуюми соли таҳсили равон дар Донишгоҳи давлатии  Норини Қирғизистон ва Донишгоҳи менеҷменти Алмаато ба таҳсил фаро гирифтани 8 донишҷӯи ДМИТ мувофиқа ба амал омад.
Дар ин бора  котиби матбуоти ДМИТ Машҳура Абдуллоева хабар дод.

 

Сентябрь 30, 2015 04:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд