Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар Душанбе минбаъд дарсҳоро тариқи онлайн мегузарад

Сентябрь 1, 2015 09:10

Душанбе, 01.09.2015 (АМИТ «Ховар» Манижа Баҳромзода).-Барои беҳтар намудани сифати таълим дар филиали  Донишгоҳи  давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе  4 лаборатория  сохта шудааст, ки аз ин  2 лаборатория барои ба воситаи  онлайн  дарс додани устодоне, ки аз шаҳри Москва ташриф меоранд, омода шудааст. Сайъало Мирзоев-директори иҷроияи  филиали  Донишгоҳи  давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносовдар шаҳри Душанбе дар робита ба ин мавзӯъ афзуд, ки таъсиси 2 лабораторияи онлайн маҳз  бо пешниҳоди устодони Донишгоҳи давлатии шаҳри Москва  сохта шуда, барои гузаронидани дарсҳо тариқи онлайн аз шаҳри Москва мусоидат хоҳанд кард. «Ҳадафи асосии мо аз он иборат аст, ки устодони  Донишгоҳи давлатии шаҳри Москва барои гузаронидани дарсҳо ба донишҷӯёни мо маблағи зиёд сарф накарда, балки тариқи онлайн, имкон пайдо кунанд, ки баъзе фанҳои худ мисли ҷамъиятшиносӣ, фарҳангшиносӣ ва ғайраро гузаронанд ва ин барои захираи маблағҳои ҷудогардида баҳри рушди Донишгоҳ  кӯмак мекунад»-гуфт директори иҷроияи  филиали  Донишгоҳи  давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов имрӯз 1 сентябр зимни  таҷлили Рӯзи дониш  ва  дарси  сулҳ  дар  Донишгоҳи  мазкур.
Барои дар сатҳи донишгоҳҳои Федератсияи Русия гузаштани дарсҳо, аз ҷумла ба филиали  Донишгоҳи  давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе омӯзгорони зиёде аз Русия ташриф овардаанд ва  ин  аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳоло донишҷӯёни тоҷик аз донишҷӯёни Федератсияи Русия  фарқияте нахоҳанд дошт, афзуд Ковалёв Игор Евгеневич -котиби   Сафорати  Федератсияи  Русия дар Тоҷикистон.  «Сифати таҳсили донишгоҳҳои олии Тоҷикистон на танҳо барои шаҳрвандони ин кишвар, балки барои шаҳрвандони дигар кишварҳое, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ доранд, ҷавобгӯ ҳаст»,-мегӯяд Ковалёв Игор Евгеневич . 
Ба иттилои манбаъ,  аз 162 нафар донишҷӯе, ки имсол филиали  Донишгоҳи  давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе  бояд қабул мекард, 152 нафар қабул шуд.

Сентябрь 1, 2015 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикаи Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад