Хандаи ҳусн аз либоси миллӣ
Тоҷикобод, 30.09.2015. (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).- Бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Тоҷикобод бахшида ба соли оила озмунҳои «Хушдомани беҳтарин» ва «Келини беҳтарин»-ро дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот гузаронид ва ба ғолибон туҳфаҳо тақдим гардиданд.
Инчунин вобаста ба соли оила дар ноҳия аз ҳисоби занҳои фаъол гурӯҳҳои корӣ ташкил шуда, дар байни аҳолӣ ва бо оилаҳои ҷавон корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуданд. Натиҷаи ҳамин буд, ки соли равон ақди никоҳи 9 оила бекор шуд, ки ин нисбат ба соли гузашта 19 ҳолат камтар аст.
Ба иттилои Меҳринисо Гадоева, мудири Бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Тоҷикобод ғолибони озмуни ноҳиявӣ ба озмуни ҷумҳуриявии «Либосҳои миллӣ ва хандаи ҳусн», ки рӯзи 10 октябри соли равон доир мегардад, роҳхат гирифтанд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






