Хатлон: зӯроварӣ дар оиларо пешгирӣ мебояд!
Душанбе, 15.09.2015. (АМИТ «Ховар», Анвари Неъмат).- Дар Прокуратураи вилояти Хатлон бо ибтикори Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷаласаи ҳайати мушовара доир гардид, ки дар он масъалаи зиёд шудани дуздӣ ва сабабҳои ба худкушӣ даст задани шаҳрвандон таҳлилу баррасӣ шуданд. Масъулон ибрози нигаронӣ карданд, ки ҷинояти дуздӣ тамоюли болоравӣ дошта, 71-ҳолати ин ҷиноят ҳанӯз нокушода боқӣ мондааст. Ҳолати дуздӣ бештар дар маркази вилояти Хатлон-шаҳри Қурғонтеппа ба қайд гирифта шудааст. Вобаста ба масъалаҳои мазкур таъкид гардид, ки барои ҷилавгирӣ аз ин гуна амали номатлуб бояд 301 нозири минтақавӣ фаъолияти хешро пурзӯр намуда, дар байни мардум мурофиаҳои сайёри судӣ созмон диҳанд.
Дар ҷаласа барои пеншгирии ин масъала чанд омил пешниҳод гардид. Аз ҷумла, волидайн дар тарбияи фарзандон масъулияти бештар дошта бошанд, зӯроварӣ дар хонавода пешгирӣ шавад, ҳамчунин дар барномаи таълимии муассисаҳо омӯзиши фанни равоншиносӣ илова гардад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






