Иқдомоти Тоҷикистону Русия барои ҳалли масоили бахши муҳоҷират
Душанбе, 23.09.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар ҷараёни ҷаласаи 11 — уми гурӯҳи муштараки кории Тоҷикистону Русия масоили марбут ба иҷрои Созишномаи байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва хифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Тоҷикистонро дар ҷаласа муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Нурулло Маҳмадуллоев ва Русияро муовини роҳбари Хадамоти федералии муҳоҷирати ин кишвар Вадим Яковенко намояндагӣ намуданд.
Дар ҷаласа ҷараёни иҷрои қарорҳои иҷлосияи даҳуми гурӯҳи муштараки кории Тоҷикистону Русия, вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷараёни иҷрои корҳо ҷиҳати таҳияи Созишномаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия дар бораи фаъолияти минбаъда ва протоколи иҷроия дар бораи тартиби татбиқи он мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ҷонибҳо ҳамчунин лоиҳаи Созишнома дар бораи интихоби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои иҷрои кори муваққатӣ дар қаламрави Русияро баррасӣ намуданд. Дар анҷоми мулоқот тасмим гирифта шуд, ки ба татбиқи расмиятҳои байнидавлатӣ ҷиҳати ба имзо расонидани Созишномаи ҳамкорӣ дар бахши муҳоҷират шурӯъ карда, лоиҳаи Созишнома дар бораи интихоби муташаккилонаи шаҳрвандони ҶТ барои иҷрои кори муваққатӣ дар қаламрави Русия такмил дода шавад.
Бо қарори ҷонибҳо ҷаласаи навбатии гурӯҳи муштараки корӣ дар семоҳаи дуюми соли 2016 дар шаҳри Душанбе доир мегардад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






