Ифтитоҳи бинои филиали Спитаменбонк дар шаҳри Турсунзода
Душанбе, 18.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳр дар фазои тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти филиали Ҷамъияти Саҳҳомии Пушидаи «Спитаменбонк» оғоз бахшид.
Бунёди иншооти мазкур моҳи апрели соли 2013 шуруъ гардида, бо харҷи зиёда аз 5 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ моҳи сентябри соли 2015 бо сифати баланд ба анҷом расид.
Бинои «Спитаменбонк» аз ду ошёна иборат буда, дорои 8 утоқи кории муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир мебошад.
Ба мизоҷон шуъбаҳои муҳосибот, шуъбаи қарзҳои истеъмолӣ ва тиҷоратӣ, шуъбаи интиқоли маблағҳо, хазина ва ҳуқуқшинос хизмат мерасонад.
Зимни шиносоӣ бо шароити кории он ба корҳои сохтмонӣ ва имкониятҳои муосир баҳои баланд дода шуд.
То имрӯз кормандони филиали Спитаменбонк дар бинои иҷоравӣ фаъолият мекарданд ва бо кӯшодашавии ин филиали бонк шумораи умумии кормандон ба 29 нафар расонда шуд.
Филиали Ҷамъияти Саҳҳомии Пушидаи «Спитаменбонк» ба 458 мизоҷ, аз ҷумла ба 276 соҳибкори хурду миёна, 48 хоҷагии деҳқонӣ ва 134 нафар қарз додааст.
Аз шумораи умумии муштариёни филиали бонк 174 нафарашро занони соҳибкор ташкил медиҳанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини филиали Спитаменбонк барои боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии бонкӣ ба аҳолӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






