Ифтитоҳи фабрикаи дӯзандагӣ дар шаҳри Душанбе

Сентябрь 7, 2015 05:22

Душанбе, 07.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар шаҳри Душанбе Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон фабрикаи дӯзандагиро, ки бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шудааст, ба истифода дод.

Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, сехи нави духти сару либоси мактабӣ бо иқтидори солонаи 24 ҳазор адад костюми писаронаю 60 ҳазор адад либоси духтарона дар заминаи Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди “Иттиҳодияи истеҳсолии Нассоҷии тоҷик” бунёд шудааст.

Маблағгузории умумӣ барои бунёди корхона 500 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дода, дар ин ҷо 350 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт.

Дар сехи нав инчунин имкон аст, ки барои калонсолон либосҳо бо тарҳи замонавии мардона ва занона духта шавад.

Ин 4 — умин сехи дӯзандагӣ дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Иттиҳодияи истеҳсолии Нассоҷии тоҷик” мебошад.

Таҷҳизоти корхонаи навро соҳибкорони маҳаллӣ аз кишварҳои пешрафтаи олам, аз қабили Олмон, Чехия ва Ҷумҳурии мардумии Чин ворид кардаанд.

Имсол корхона барои таъмини сару либоси ягонаи мактабӣ бо 134 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ шартнома баста, беш аз 28 ҳазор хонандаро бо либоси мактабӣ таъмин кард.

Дар иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик сехҳои ресандагӣ, бофандагӣ в истеҳсоли дигар матоъҳо фаъолият дорад, ки садҳо нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъминанд.

Сентябрь 7, 2015 05:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад