Ифтитоҳи шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода бо иштироки Сарвари давлат
Душанбе, 18.09.2015. (АМИТ «Ховар»). – Субҳи рӯзи 18 — уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти нав, шиносоӣ бо вазъи зиндагии аҳолӣ ва мулоқот бо мардум бо сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф овард.
Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода оғоз ёфт. Дар ин ҷо сокинону фаъолон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо самимияти хосса истиқбол гирифтанд. Дар шаҳри Турсунзода Эмомалӣ Раҳмон нахуст роҳи мошингарди минтақавии Душанбе-Турсунзодаро расман ифтитоҳ намуд.
Роҳ аз дарвозаи ғарбии Душанбе то шаҳри Турсунзода оғоз ёфта, 45,3 километраш бо паҳноии 25,5 метр ва ҳаракати 4 хаттаи нақлиёт бунёд ёфтааст. Боқимонда қисми роҳ бошад, бо паҳноии 15 метр ва ҳаракати ду хаттаи нақлиёт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. 61 км. роҳи ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин бошад, пурра чароғон карда шудааст.
Бунёди иншооти муҳими коммуникатсионӣ моҳи октябри соли 2011 оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ аз тарафи коргарону мутахассисони тоҷику чинӣ ба итмом расонида шудаанд.
Арзиши умумии лоиҳаи беҳтар кардани ҳолати роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода дар маҷмуъ 131, 2 миллион доллари амрикоиро ташкил намуда, бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гранти бонки Осиёгии Рушд амалӣ гардид.
Тибқи лоиҳа дар шоҳроҳ 9 купрук бунёд гардида, бо назардошти талабот 213 адад қубури обгузар хобонда шудааст. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки нигоҳубини хуби роҳ дар сатҳи зарурӣ таъмин гардад, то ин ки он солиёни зиёд барои мардум ҳамчун иншооти муҳим хизмат расонад.
Сарвари давлат Эмомаӣ Раҳмон ифтитоҳи роҳу пул, нақб ва дигар иншооти муҳими коммуникатсиониро яке аз ҳадафҳои аслии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон дар самти баромадан аз бунбасти коммуникатисонӣ арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки минбаъд низ ба хотири фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба мардум чунин тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешавад.
Дар ду шафати роҳ ниҳоли дарахтони сояафкану мевадиҳанда шинонида шудааст.
Роҳи мошингард аз ҳудуди ноҳияҳои Ҳисор, Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода мегузарад ва ҳамчун иншооти дорои аҳамияти минтақавӣ хизмат мерасонад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






