Иштироки қувваҳои НАТО дар амалиёти харбӣ барои озод кардани шаҳри Қундуз
Душанбе, 30.09.15. (АМИТ «Ховар»). Назар ба иттилои Афғонистон.ру, қувваҳои мусаллаҳи Амрико ба амалиёти ҳарбӣ барои озод намудани шаҳри Қундузи Афғонистон, ки онро толибон ишғол намуда буданд, шурӯъ карданд. Бар асари ҳамлаи хавопаймоҳои Амрико силоҳбадастон талафоти зиёд дидаанд.
Қӯшунҳои хориҷӣ баъди дархости дахлдори Вазорати мудофиаи Афғонистон барои озод кардани шаҳри Қундуз ҳамла оварданд. Бар асари ҳамлаҳо аз ҳаво камаш 20 силоҳбадаст кушта шуд.
Дар ҷараёни амалиёти ҳарбӣ сокинони осоишта захмӣ шуда, барои расонидани ёрии зарурӣ ба муассисаҳои тиббӣ бурда шуданд.
Ҳамзамон ҳукумати марказӣ ва президент Муҳаммад Ашраф Ғанӣ аҳолиро даъват менамоянд, ки ба воҳима наафтанд. Сарвари давлати Афғонистон чанде пеш изҳор дошта буд, ки посдорони тартибот иншоотҳои озодшударо тадриҷан таҳти назорат мегиранду вазъияти шаҳри Қундуз ба эътидол медарояд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






