Истиқлолият — неъмати бебаҳо
Душанбе, 04.09.2015. (АМИТ «Ховар»). -Истиқлолият беҳтарин дастовард, арзиши олии давлатдорӣ, нангу номуси ватандорӣ, ифтихор аз таъриху тамаддун ва фарҳанги оламшумули тоҷикон аст, — таъкид шуд дар семинари илмӣ-омӯзишии «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дирӯз дар толори маҷлисгоҳи Раёсати тиббии Вазорати корҳои дохилӣ баргузор гардид.
Дар семинар сардори Раёсати тиббӣ полковники хизмати дохилӣ Исмоилзода Намоз Ғоиб, муовини сардори Раёсат полковники хизмати дохилӣ Нағзибекова Файзинисо Бозоровна, дотсенти факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қараев Фарҳод Қурбонович, кормандон ва ҳайати шахсии Раёсати тиббӣ иштирок намуданд. Оид ба моҳият ва нақши истиқлол дар пешрафту тараққиёти кишвар, дастовардҳои таърихии халқи тоҷик дар тӯли 24-соли даврони соҳибистиқлолӣ маърузаҳо ироа шуда, иштирокдорони семинар фикру андешаҳои худро доир ба паҳлӯҳои гуногуни мавзӯъ иброз намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






