Изҳори ҳамдардии Президент ба хонаводаи шахсони дар амалиёти махсус ҳалокшуда
Душанбе, 16.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила ва наздикону пайвандони кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, ки дар ҷараёни амалиёти махсус барои несту нобуд кардани дастаи террористии собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода ба ҳалокат расиданд, ҳамдардии амиқ баён намуд. Ба роҳбарони сохторҳои мақомоти дахлдор супориш дод, ки оилаҳои шахсони ҳалокшударо бо кумаку ғамхории ҳамаҷониба фаро гиранд.
Ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомие, ки дар ин амалиёти махсус ширкат намуданд ва ба ҳамаи шаҳрвандоне, ки дар самти дастгир кардани террористон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ фаъолона ҳамкорӣ доштанд, изҳори миннатдорӣ намуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






