Изҳороти Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Абӯабдуллои Рӯдакӣ
Душанбе, 08.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Абӯабдулло Рӯдакӣ аз руй додани ҳодисаҳои нохуши ахир дар сарзамини Тоҷикистон нороҳат буда, ин амали ноҷавонмардонаи гурӯҳи алоҳидаи одамонро шадидан маҳкум мекунад.
Барои мо тоҷикони бурунмарзӣ, Тоҷикистони озоду пешрафта ва орому босубот, такягоҳу хонаи умед ба ҳисоб меравад ва мо ҳамеша аз дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии он фахр мекунем. Бинобар ҳимояти ҳамаҷонибаи роҳбарияти Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир беш аз 300 тоҷикписарону тоҷикдухтарони Қирғизистон дар доншгоҳҳои муътабари Душанбеву Хуҷанд ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ин ҳама аз баракати оромиву ваҳдати мардуми шарифи Тоҷикистон муяссар шудааст.
Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба намояндагӣ аз 55 ҳазор тоҷикон чунин талошҳои харобкоронаи афроди ҷудогонаро дар остонаи таҷлили 24- солагии ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон маҳкум намуда ва изҳори бовар менамояд, ки сулҳу субот дар кӯтоҳтарин фурсат барқарор хоҳад шуд. Бовар дорем, ки робитаҳои дӯстиву ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Қирғизистон дар оянда низ таҳким ёфта, барои барқарории суботу тараққиёти минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.
Бигзор сулҳу оромӣ болои сари мардумони кишварҳоямон ҳамеша парафшонӣ кунад.
Равшанбек Собиров
Раиси созмони тоҷикон ба номи устод А. Рӯдакӣ
ш. Бишкек








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






