Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 23.09.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни баррасии масъалаи кадрҳо, ки дар оғози маҷлис сурат гирифт, аъзои нави ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.
Лоиҳаҳои қонунҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба қонунҳо “Дар бораи ҳаракат дар роҳ”, “Дар бораи боҷи гумрукӣ”, “Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ”, “Дар бораи монополияҳои давлатӣ” ва ҳамчунин ба Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.
Ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаҳои қонунҳо доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла ба қонунҳо “Дар бораи хизмати давлатӣ”, “Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ”, “Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)” ва “Дар бораи маориф” ирсол гардиданд.
Тибқи иловае, ки ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ҷавобгарии ҷиноӣ барои машғул шудан бо сеҳру ҷодугарӣ хеле шадид карда мешавад, аз ҷумла ба муҳлати то 7 сол маҳрум намудан аз озодӣ пешбинӣ шудааст.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи давлатии телевизиони Варзиш, муассисаи давлатии “Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ”, Тартиби индексатсияи нафақаҳо ва сармояи шартии нафақавӣ, Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди бозори такрории қоғазҳои қиматнок ва биржаи фондӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди масъулин доир ба муташаккилона ва босифат анҷом додани рухсатдиҳии сарбозони муҳлати хизмати ҳарбияшон анҷомёфта ва даъвати наваскарон ба хизмати ҳарбӣ, ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти 9-моҳаи хоҷагии халқи кишвар, омодагӣ ба мавсими зимистон, аз ҷумла масоили вобаста ба омодасозии иншооти таъминкунандаи барқу гармӣ ва дигар масъалаҳои ҳалталаб супоришҳои мушаххас гузошт.
Дар ҷамъбасти маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳозирин ва ҳамаи мардуми Тоҷикистонро бо арафаи иди Қурбон табрик гуфта, нафарони саховатпешаю савобҷӯйро ба кумакрасонӣ ба ятимону бепарасторон ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ҳидоят намуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






