Мақомоти корҳои дохилии кишварҳои ИДМ тартиби табодули ахборро муҳокима карданд
Душанбе, 04.09.2015, (АМИТ «Ховар»). — Намояндагони вазоратҳои корҳои дохилии кишварҳои ИДМ ҷараёни амалисозии барномаҳои байнидавлатии мубориза бо ҷинояткорӣ дар самти технологияи иттилоотӣ, муқобилият ба дуздии воситаҳои нақлиётӣ, тартиби фаъолияти махзани маълумотҳои махсусро дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ВКД ИДМ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷаласаи навбатӣ дар пойтахти Белорус — шаҳри Минск баргузор гардида, дар кори он муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламшозода Абдураҳмон, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ Абдуллозода Зумрад ва сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил Азизулозода Сафиало иштирок карданд.
Дар ҷаласаи Шӯрои ВКД-и ИДМ тартиби табодули ахбор миёни мақомоти корҳои дохилӣ (политсия) ва ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди гардиши навъҳои нави моддаҳои нашъадор низ, муҳокима гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






