Марде чу номардӣ кунад…
Муроҷиатномаи
донишҷўёни Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав
Душанбе, 23.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Рўзи 4. 09. 2015 ба амалҳои ҷинояткорона даст задани муовини вазири мудофиаи ҶТ, Назарзода Абдуҳалим Мирзо моро ба қаҳру ғазаб овард. Ба амали нангин ва хеле шармовар — хиёнат ба Ватан даст задани мансабдори олирутбаи давлатӣ барои мо амали касиф ва разилона аст. Ин «ҳомии Ватан» ба рў ниқоб кашида, ба ҷойи дар рўҳияи ватандўстӣ, ҳимояи марзу буми кишвар тарбия намудани насли ҷавон дар дил нисбат ба ҳамватанон ва хоки поки Тоҷикистон кинаҷӯйӣ мекунад, оромию осудагӣ ва тинҷию рўзгори хуррамонаи ҳамватанонашро чашми дидан надорад. Бинобар ин номбурда ҳеҷ гоҳ соҳибватан нест, зеро заррае ба ин хоки аҷдодӣ меҳр надорад ва танҳо дар фикри пиёда сохтани ормонҳои разилонаи худ аст:
Беватан нест ғарибе, ки кунад ёди Ватан,
Дар ватанбудаи бе ёди Ватан беватан аст.
Назарзода барин хиёнаткорони ватанбезори худонотарс ва пайравонаш дар 24 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз соҳиби хонаҳои бодабдаба, бўстонсаро ва мошинҳои хориҷӣ шудаанд. Акнун бо ин низ қаноат карданӣ нестанд ва дар фикри аз охури баландтар эм хўрдан афтодаанд, то сармояи бештар ҷамъ кунанд, зеро:
Роздони ҷузву кулл аз хеш номаҳрам шудаст,
Одам аз сармоядорӣ қотили одам шудаст.
(Муҳаммад Иқбол)
Вале гурўҳи ҷиноии А. Назарзода, ки аз худаш сар карда, аз аъзои фаъоли ҲНИТ фароҳам омадааст, бехабар аз онанд, ки дигар мардуми сулҳдўсту ваҳдатшиори Тоҷикистон фирефтаи ваъдаҳои хушку холии онҳо намешаванд. Ба қавли ҳазрати Саъдӣ:
Ман бозии фиреби шуморо намехўрам,
Макри шумо ҳарифи шуурам намешавад.
Акнун мардуми Тоҷикистон кӯтоҳандеш нестанд. Дар атрофи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, ба сўи ояндаи дурахшон ва зиндагии олиашон равонанд. Танҳо чашми бадкешон, бадтинатон ва сияҳдилонро кинаю адоват кўр кардааст ва зиндагии шоиста, пешрафт ва гул-гулшукуфии Ватан — Тоҷикистони ба ҷон баробарро намебинанд ё мебинанду худро нодида нишон медиҳанд. Ҳазрати Бедил барои Назарзода барин кўртинатон гуфтааст:
Бедил, аз шаҳпарак кайфияти аҳвол мапурс,
Ҳақ ниҳон нест, вале хиранигоҳон кўранд.
Мо бовар дорем, ки ин гурўҳи ҷиноятпеша, ки ба халқу давлаташ хиёнат кардааст, фано хоҳад шуд ва мо-ҷавонон омодаем, ки ба муқобили чунин ашхоси хиёнатпеша ва нохалаф яроқ ба даст гирифта, «хас каму ҷаҳон пок» гуфта, пайи қадами номуборакашонро аз Ватан рўфта партоем:
Хасми саркашро фано соз аз мулоимтинатӣ,
Оташи сўзон надорад чора ҷуз мурдан дар об.
Абдуҳалим Назарзода бо ин амали нангини худ ниятдошт дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ обрўи Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи ҷумҳуриро резонад, ихлоси мардумро нисбат ба ин ниҳоди давлатӣ, ки омма онро пуштибон ва ҳомии худ мешуморанд, коста гардонад, вале бехабар аз он, ки «Дарё палид менашавад аз даҳони саг». Охир, ба қавли Лоиқ:
Санге агар аз кўҳ фитад, сад сангро беҷо кунад,
Марде чу номардӣ кунад, сад мардро расво кунад.
Бинобар ин мо амали нангини Назарзода Абдуҳалим ва пайравонашро маҳкум намуда, аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ хоҳиш менамоем, афроде, ки барои ба зўрӣ ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ талош меварзанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд. Ҳамчунин фаъолияти ҲНИТ, ки Назарзода А.М. барин садҳо аъзояш ба амалҳои даҳшатафканӣ ва тахрибкорӣ даст мезананд, боздошта шавад.
Бо эҳтиром, донишҷўёни Донишгоҳи давлатии Қўрғонтеппа ба номи Носири Хусрав
Ҷамъ 3221 имзо.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






