Мо ҷавонон — ҷонибдори сулҳу сиёсати имрўза ва маҳкумкунандаи вокунишҳои зиддимиллӣ ҳастем!

Сентябрь 18, 2015 12:13

   Душанбе, 18.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — «Чуноне ки ба ҳама маълум аст, имрўз дар минтақаҳои гуногуни мамлакат баъзе гурўҳҳои экстремистии диние пайдо шудаанд, ки фаъолияташон  дар  байни  мардум ба ҷудоиандозӣ мебарад.
Ин гурўҳҳо, яқинан, аз хориҷи кишвар идора мешаванд ва ҳадафи онон бар сари ҷомеа, алалхусус, бар сари ҷавонони мо таҳмил кардани ақидаҳои ботил мебошад».
Эмомалӣ Раҳмон

Имрўзҳо  ҳама  медонанд, ки баъзе ашхоси ноҷавонмарди кишвар бо амалҳои террористии  худ Тоҷикистони азиз ва мардуми шарифи моро дубора ба тарсу ваҳм афканданианд. Вокунишҳое, ки аввалҳои моҳи сенябр то дирўз давом карданд, аз кирдорҳои ҷиноятӣ ва хиёнаткоронаи нафароне, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ашхос бовар карда буд, ба вуқўъ пайвастанд. Ва ҳар яки мо ҷавонони Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси ҳаттии ба номи А. Рўдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷонибдори сулҳу субот, ободиву шукуфоӣ, озодиву озодандешӣ ҳастем, ҳамчун нафарони ватандўст худро бетараф намедонем ва кирдори чунин афроди ҷинояткорро маҳкум карда, онро  ноҷавонмардона медонем. 
Имрўзҳо даҳҳо модари тоҷик аз доғи фарзанд синареш ва даҳҳо кўдакон бепадар монданд, ки натиҷаи кирдори хиёнаткоронаи бадхоҳони Ватан мебошад. Мо ҷавонон ба хонаводаи ҷавонмардоне, ки барои Ватан-Модар содиқона хизмат кардаанд ва қурбонии ин ҳодисаи нангин гаштанд, изҳори ҳамдардӣ менамоем ва бовар дорем, ки ҷоннисориҳои онҳо бо ҳарфҳои заррин дар саҳфаи таърих навишта мешаванд.  
Аламовараш ин аст, ки дар ин кор роҳбари як ҳизби сиёсии кишвар даст дошта ва онро роҳандозӣ мекардааст. Чунин нафарон шукронаи сулҳу ваҳдат ва осмони софи мамлакати азизро накарда, мехоҳанд осмони софи мо ғуборолуд бошад. Вале мо мушоҳида мекунем, ки дар ҳақиқат давлати пурқувват дорем ва бовар дорем, ки бо ҷасорату шуҷоатмандии ҳомиёни ватани мо дар ҳама ҳолат тири хиёнаткорон хок мехӯрад. 
Шўрои олимони ҷавони Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ ба кормандони мақомоти қудратии кишвар бинобар амалиёти зиддитеррористӣ оид ба несту нобуд кардани дастаи террористии собиқ муовини вазири мудофиаи ҶТ Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода изҳори ташаккур мекунад, ки барои таъмини ҳамешагии сулҳу субот ва оромӣ дар ватани азизамон   ҷоннисориҳо карданд ва дар муддати кўтоҳ тавонистанд, ки душманони миллатамонро несту нобуд кунанд. Боиси ифтихор аст, ки имрўз мақомоти ҳифзи ҳуқуки кишвар бемамониат тавонистанд гурўҳҳои ҷиноии зидди давлату миллатро несту нобуд карда, пояи ваҳдатро дар кишвар устувор сохта, барои  мардуми азизи кишвар зиндагии осоиштаро фароҳам намоянд. 
  
Раиси Шўрои олимони 
ҷавони АИ ҶТ   Зиёев С.Н

Сентябрь 18, 2015 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!