Муаррифии имкониятҳои туристии Тоҷикистон дар Чин
Душанбе, 25.09.2015. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дирӯз дар доираи Форуми АвруОсиё намоишгоҳи давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ва давлатҳои нозир дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии мардумии Чин оғоз гардид.
Дар баробари дигар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, самти афзалиятноки рушди иқтисодиёти миллии кишвар, имконият ва захираҳои туристии Тоҷикистон низ тавассути варақаҳои иттилоотӣ дар бораи Точикистон ҳамчун кишвари туристӣ маълумот дода шуд.
Намоиши мазкур 24-25 сентябри соли равон доир гашта, гӯшаи туристии кишвар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистони муосирро ҳамчун давлати осоишта ва дорои захираҳои бойи табииву фарҳангӣ, таърихӣ ва пайваст ба Шоҳроҳи бузурги Абрешим инъикос менамояд.
Дар доираи ин намоишгоҳ ҳамчунин хатсайрҳои туристӣ, имкониятҳои хизматрасонӣ, аз қабили меҳмонхона, осоишгоҳҳо, ҷалби сармоя ба рушди инфрасохтори Тоҷикистон низ муаррифӣ мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






