Мубориза бар зидди коррупсия кори дастаҷамъона аст
Душанбе, 30.09.2015 (АМИТ «Ховар»).- 30 сентябри соли 2015 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри татбиқи тадбирҳои «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва нақшаи чорабиниҳои он вохӯрии намояндагони салоҳиятдори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати шахсии вазорат, роҳбарон ва кормандони консулгариҳо ва сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ зикр шуд, ки мубориза бар зидди коррупсия кори дастаҷамъона буда, дар он мақомоти хизмати дипломатӣ дар ҳамбастагӣ бо мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа барои амалигардонии сиёсати зиддикоррупсионӣ кӯшиш менамоянд. Дар ҷараёни ҷалби бештари ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти давлатӣ ҷиҳати таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти хизмати дипломатӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини дастрасӣ ба иттилоот, ташаккули мафкура ва фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия татбиқи чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунанда ба мақсад мувофиқ аст.
Дар интиҳои вохӯрии номбурда изҳороти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳаводиси ахири марбут ба хиёнати собиқ муовини вазири мудофиаи кишвар Абдуҳалим Назарзода ва онҳое, ки ӯро ҳамроҳӣ кардаанд, мавриди муҳокимаи ҳамаҷониба қарор дода шуда, амали хоинони миллат аз ҷониби иштирокчиён шадидан маҳкум карда шуд.
Баромадкунандагон заҳматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими сулҳу суботи кишвар ва таъмини амният махсус таъкид карданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






