Мукофотсупории Сарвари давлат ба далерону фидокорони Ватан

Сентябрь 25, 2015 04:14

Душанбе, 25.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар ҳудуди Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои шоён беш аз 120 нафар хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни давлатӣ ва  дигар шаҳрвандоне, ки дар амалиёти ҳарбии махсуси зидди гурӯҳи террористӣ аз худ ҷасорату маҳорат ва садоқати баланд нишон доданд, бо мукофотҳои давлатӣ ва кумакҳои моддию маънавӣ қадр карда шуд. 
Тавре дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст ин нафарон «Барои хизмати содиқона ва саҳми арзанда дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷасорату фидокорӣ ҳангоми мубориза бо ҷинояткорӣ ва нигаҳдории тартиботи ҷамъиятӣ» бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз карда мешаванд.  
Пеш аз ҳама Рустам Амакиев, собиқ командири дастаи воҳиди махсуси «Алфа»-и КДАМ  бо ордени Спитамен дараҷаи 1 ва рутбаи ҳарбии генерал-майор пас аз марг сазовор дониста шуд. 
Бо ордени Спитамен дараҷаи 1 Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилӣ ва Мансурҷон Умаров, муовини аввали раиси КДАМ сарфароз гардонида шуданд. 
Шумораи зиёди  хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни давлатӣ ва  дигар шаҳрвандон бо ордени Спитамен дараҷаи 2, ордени Шараф дараҷаи 2, медали Ҷасорат ва ифтихорномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд. 
Ҳамчунин ба аҳли оила ва наздикону пайвандони 14 кормандони мақомоти қудратӣ, ки ҳангоми амалиёт ҳалок шуда буданд, кумакҳои моддию маънавӣ расонида шуд.  
Дар миёни бо мукофотҳои давлатӣ сарфарозшудагон 8 нафар сокинони дараи Ромити шаҳри Ваҳдат ҳузур доштанд, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷустуҷӯ ва нестунобуд кардани террористон мусоидати фаъол намуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бори дигар аз номи худ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми низомиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳамчунин шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар рафти амалиёти мазкур ҷасорату фидокорӣ ва матонату садоқат нишон доданд, арзи сипос намуда, ба аҳли хонавода ва наздикону пайвандони онҳое, ки дар рафти амалиёт ҷони худро фидо намуданд, изҳори тасаллияти ҳамдардӣ намуд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун аз он ки ин гурӯҳи басо хатарноки террористӣ дар муддати кӯтоҳ нестунобуд карда шуд изҳори қаноат намуда, ба сатҳи омодагии касбии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар баҳои баланд дод.
Изҳори бовар карда шуд, ки қувваҳои мусаллаҳи кишвар ва ҳама воҳидҳои низомии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамеша дар роҳи ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ва оромию суботи ҷомеа омодагии қавӣ ва матонату шуҷоат нишон медиҳанд. 
Маросими қадрдонии далерону фидокорон бо рафти гузашти низомӣ ба поён расид.
Дар гузашти низомии бошукӯҳ беш аз 5 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ширкат варзиданд.   

 

Сентябрь 25, 2015 04:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд