Мулоқоти намояндагони сохторҳои қудратии Тоҷикистон
Душанбе, 30.09.15. (АМИТ «Ховар»). Дар шаҳри Душанбе мулоқоти воҳидҳои иттилоотию таҳлилии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар ва Хадамоти гумруки Тоҷикистон баргузор гардид.
Иштирокдорони мулоқот масоили ҷамъоварӣ, таҳлили ҳамаҷониба ва табодули иттилооти байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, таълими кормандон ва таъминот бо техникаи компютерӣ, аз ҷумла таъмини барномавӣ барои афзун намудани самараи мубориза бо паҳншавии маводи мухаддирро мавриди муҳокима қарор доданд.
Мулоқот дар ҳошияи татбиқи «Стратегияи миллии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 2020» бо дастгирии лоиҳаи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ «Низомҳои ҳифзи ҳуқуқ барои ҷамъоварӣ, таҳлил ва табодули иттилооти фаврӣ ва иттилооти дигар дар бахши гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар» роҳандозӣ шуд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






