Муноқишаҳои шадид миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва «Толибон» дар Қундуз идома дорад
Душанбе, 28.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Айни ҳол муноқишаҳои шадид миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва «Толибон» дар Қундуз идома дорад. Дар ин бора расонаҳои иттилоотӣ бо такя ба манобеи худ дар ҳукумати Афғонистон ва гурӯҳи «Толибон» хабар медиҳанд.
Бино ба иттилои хабаргузориҳо, ҳаракати ифротии «Толибон» талош доранд шаҳри муҳим ва стратегии Қундузи Афғонистонро ба тасарруфи худ дароранд.
Мақомоти ҳукуматӣ аз Кобул барои берун кардани ифротгароёни «Толибон» аз ҳудуди Қундуз нерӯҳои иловагӣ сафарбар намуда, изҳори умед мекунанд, ки дар фурсатҳои наздиктарин ин шаҳр пурра зери назорати ҳукумати маҳаллӣ медарояд.
Саид Сарвар Ҳусайнӣ, сухангӯи фармондеҳи амниятии Қундуз иттилоъ додааст, ки нерӯҳои давлатӣ ҳудуди 20 ҷангиро дар ин минтақа маҳв кардаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






