Муроҷиатномаи донишҷӯён аз Аврупо ба мардуми кишвар
Душанбе, 15.09.2015. (АМИТ «Ховар»).
Ҳамватанони азиз,
Чандест ки ҳодисаҳои охири кишварамон хоб аз чашмамон рабуда, моро хотирпарешон, андуҳгину ғамзада кардааст. Зеро дар фазои кишвар ғуборе пайдо гаштааст, ки таҳдид ба оромӣ дошта, нияти аз байн бурдани низоми зиндагии мардумро дорад ва аллакай ҷони чандин нафарони бегуноҳро аз байн рабуд. Мо ҳамарӯза шоҳиди он гашта истодаем, ки чӣ тавр мардуми кишварҳои ҷангзада мубталои муҳоҷирати иҷборӣ гардида, ҳаёти осоиштаи онҳо халалдору талх гардидааст, ки заминаи асосии он маҳз ба дин ва тундгароёни динӣ марбут аст. Бинобар ин, мо ҳаракатҳои Абдуҳалим Назарзода ва ҳаммаслаконашро ки кушиши дубора оғуштаи хоку хун кардани Ватани азизи моро доштанд қатъиян маҳкум менамоем. Бо баҳонаи ҳимоят аз дин ва ҲНИТ ба даст гирифтани яроқ ва куштани мардуми бегуноҳ худ тундгароист. Дар фазои мазҳабии кишвар ҲНИТ ҳеҷ гоҳ нақши калидӣ надошта, садди роҳи тундгароӣ шуда наметавонад ва баръакс побанди он буда, дар лаҳзаи даркорӣ аз тундгароён кор мегирад, ё ноилоҷ аз он итоат ва ё пуштибонӣ хоҳад кард. Ҳизби номбурда дар фаъолияти сиёсии худ танҳо аз ҳисоби ҳаққи эҳтироми мардум ба дини мубини ислом истифода намуда, ғайримустақим маҳз ба табақаи тундгаро такя менамояд, зеро равшанфикрон миёни ин тоифа нақши боризе надоранд. Бинобар ин мавҷудияти чунин ҳизб маҳак ва заминаи асосии барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ ва бесуботии кишвар буда, доштани ҳаққи вуҷудашро зери суол мебарад.
Ҳамватанони азиз, Тоҷикистон киштиест, ки дар уқёнуси пурталотуми сиёсати ҷаҳонӣ ба сӯйи соҳили мурод шино дорад ва мо фарзандони ин кишвар бояд бодбонҳое бошем, ки барои расидани он ба манзил ҳамаҷониба мусоидат намоем, вагарна бо чунин афроди хоину ватанфурӯш ба мисли “ҳоҷӣ Ҳалим”-у Гулмурод, туғёни бераҳми ин уқёнус ҷасади моро ба мисли писарбачаи сесолаи курдӣ оғуштаи хуну хок ба соҳил хоҳад бурд.
Гурӯҳи донишҷуёни тоҷик дар Аврупо,
ҷамъ 120 нафар








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






