Муроҷиатномаи гурезаҳои афғони Тоҷикистон ба бадхоҳони миллати тоҷик

Сентябрь 14, 2015 11:54

     Душанбе, 14.09.2015. (АМИТ “Ховар”). — Мо, гурезаҳои афғони Тоҷикистон бо теъдоди беш аз чаҳор ҳазор нафар дар минтақаҳои мухталифи ин кишвар зиндагии шарофатмандонаро сипарӣ мекунем. Мо бар асари мудохилоти кишварҳои хориҷӣ, душманону бадхоҳони дохиливу хориҷии Афғонистон маҷбур ба тарки Ватан кардаем ва бо муҳаббат, самимият ва меҳмоннавозии халқи шарифи Тоҷикистон, раҳбари гиромии тоҷикони ҷаҳон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди ин кишвари маҳбуб тайи даҳсолаҳо истиқомат намуда истодаем ва қадрдонию сипоси хешро иброз менамоем. 
Мо, Тоҷикистонро ҳамчун Ватани хеш медонем, дар фазои сулҳ, амният ва оромӣ зиндагӣ менамоем ва ба он шукр намуда, ифтихор мекунем. Сулҳи тоҷиконро, ки ба иродаи неки миллати сарбаланди Тоҷикистон бо роҳбарии пешвои тоҷикони ҷаҳон Ҷаноби Олӣ бо машаққатҳои зиёд ба даст омадааст, бояд ҳар фарди худогоҳи тоҷик ва касоне, ки дар ин сарзамини биҳиштосо зиндагӣ мекунанд, бо рагу пусти худ ламс намуда, онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд ва дар роҳи таъмину устувории он саҳми худро гузоранд. 
Мо гурезаҳо шадидан аз ҷанг, хонавайронӣ ва инсонкушӣ нафрат дорем ва намехоҳем дар Тоҷикистони маҳбуб, ки онро дар Афғонистон бо лафзи матин “боғшаҳр” меноманд, мисли ватани мо фазои нооромиву бесуботӣ пайдо гардад.  
Ҳодисаю нооромиҳои охири Тоҷикистон нишона аз ватанфурушӣ, худфурушӣ ва танпарастии ашхоси хиёнаткор аст, ки дар ҳар давру замони давлатдорӣ вуҷуд дошт. Мо ба амалкарди Ҳоҷӣ Ҳалими Назарзода, собиқ муовини вазири дифоъ ва аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки шахси хоин ба мардуми мусалмони Тоҷикистон ва ҳалқабагуши аҷнабиҳо – “хоҷагони хориҷӣ” мебошад, сахт нигарон буда, онро шадидан маҳкум менамоем. Мо боварии комил дорем, ки дар рӯзҳои наздик ин бадхоҳи миллати тоҷик ва ҳалқаҳои ҷиноии ӯ аз ҷониби мақомотҳои низомии Тоҷикистон пурра маҳв карда мешавад. Зеро дар урфият гуфтаанд, ки “бори каҷ, ба манзил намерасад”.
Таърих, воқеаҳои ҷаҳони муосир, хусусан вазъи кунунии Афғонистон гувоҳи он аст, ки ягон ҳизби исломӣ ба ҷомеа ва давлат манфиате наовардааст. Баръакс, ин ҳизбҳо дар ҳар куҷое, ки фаъолият менамоянд, он ҷо “тухм”-и кинаву адоват, мансабталошӣ ва нооромӣ кошта, мардумро гумроҳ мекунанд. Мо аз иттилооти васоити ахбори умум дарёфтем, ки аъзоёни Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бештар ба ҷиноятҳои вазнину сангин, аз ҷумла хиёнат ба Ватан, куштор, роҳзанӣ, қаллобӣ ва амсоли он даст дошта, ба сафи бадхоҳони миллати тоҷик шомил мебошанд. Аз ин лиҳоз, пешниҳод менамоем, ки ин ҳизб, ки ягон фоидае ба ҷомеаи Тоҷикистон надорад, пурра баста шуда, фаъолияти он аз ҷониби мақомотҳои салоҳиятдор манъ карда шавад.     
Мо — гурезаҳои Афғонистон аз сиёсати хирадмандона ва инсондӯстонаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҷаноби Олӣ ҳимояту пуштибонӣ намуда, аз он қотеона дифоъ мекунем. Зеро дар ин сарзамини шариф сарнавишти мо, хонаводаҳои мо, халқи қаҳрамони Тоҷикистон ва касоне, ки дар Тоҷикистон зиндагонӣ мекунанд, ҳал хоҳад гашт.
Зинда бод раҳбари маҳбуб ва гиромии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Зинда бод сулҳ, амният, тараққӣ ва халқи қаҳрамони Тоҷикистон!
          Марг ба душманону бадхоҳони халқи тоҷик!           

Шӯрои гурезагони афғони Тоҷикистон
        

Сентябрь 14, 2015 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикаи Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикаи Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид