Муроҷиатномаи намояндагони диаспораи тоҷикони вилоятҳои Сурхондарё ва Қашқадарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат доранд
Душанбе, 08.09.2015. (АМИТ «Ховар»). -Мо як гурӯҳ диаспораҳои тоҷикони вилоятҳои Сурхондарё ва Қашқадарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки имрӯз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошем дар қатори дигар мардуми шарифи кишвари азизамон аз воқеъаҳои охир тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва сомонаҳои интернетӣ бохабар гардидем.
Дар чунин давраи барои кишвари азизамон ҳассосу тақдирсоз бетараф буда наметавонем. Мо воқеаҳои нангине, ки аз ҷониби Назарзода Ҳалим ва ҳаммаслакони ӯ анҷом дода шуд сахт маҳкум намуда, аз мардуми пуршарафи Тоҷикистон хоҳиш менамоем зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.
Назарзода Ҳалим узви Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон буда, ба қадри дастгирӣ ва боварию эътимоди Ҳукумати кишвар нарасид. Роҳбарияти кишвар ӯро бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои баланди ҳарбӣ қадрдонӣ намуда, то ба вазифаи муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намуданд. Вале Назарзода Ҳалим аз боварии роҳбарияти кишвар ва мардуми оддӣ истифода намуда, якҷоя бо роҳбарияти ҲНИТ нақшаҳои ғаразнок ва муқобили манфиатҳои миллати тоҷикро тарҳрезӣ карда, мехостанд, ки дар ҷумҳурии азизамон нооромиро созмон дода, ҳаёти осоиштаи мардумро халалдор созанд. Ҳодисаи 04-уми сентябр рухдода бори дигар нишон дод, ки роҳбарияти ҲНИТ ҳамеша дар фикри нооромии ҷомеа буда, ба ҷуз аз нооромии кишвар дигар мақсаде надоранд.
Бояд ёдовар шуд, ки солҳои 90-уми асри гузашта маҳз бо дасти роҳбарият ва аъзои ҲНИТ хуни ҳазорҳо ҷавонмардони бегуноҳи кишвар рехта, чандин ҳазор зану фарзандони тоҷик бесарпаноҳ монда буданд ва имрӯз низ мақсади асосии роҳбарият ва аъзои ин ҳизб нооромии ҷомеа аст.
Бинобар ин мо фаъолияти ғаразноки Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро қатъиян маҳкум намуда, тарафдори он ҳастем, ки фаъолияти ҲНИТ дар ҷумҳурӣ манъ карда шавад. Ба генерали хиёнаткор Ҳоҷӣ Ҳалим, ки садқаи номи «ҳоҷӣ» шавад, мегӯем, ки дар кадом ғор ё ҷангале хорк зор нобуд мешавӣ ва сазои ватанфурӯш ҳамин аст. Зинда бод Тоҷикистон!
Шарифов Акмал, Қурбонов Тоҳир, Бобоев Самандар, Ҳакимов Фирдавс, Дӯстов Маҳмад, Раҷабов Анвар ва намояндагони диаспораи тоҷикони вилоятҳои Сурхондарё ва Қашқадарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






