Муроҷиатномаи шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рўдакӣ
Душанбе, 14.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Мо соҳиби давлати соҳибистиқлолем. Имрўз орзуи мо модарони тоҷик, идомаи орзую ормони деринаи мардуми тоҷик аст, ки насибамон гардидааст. Пас вазифаи ҳар як фарди ватандўсти кишвар, аз хурд то бузург, аз он иборат аст, ки роҳи ояндаи миллати сарбаланду созандаи моро сўи бунёди ҷомеаи нав нишон диҳанд.
Мутаассифона, ҷойи таассуф аст, ки имрўзҳо дар гурўҳҳои муташаккили экстремистӣ як зумра ҷавонони кишварамон аз рӯи гумроҳӣ шомил гашта, ранҷу азияти зиёд, дурӣ аз Ватан онҳоро аз роҳи интихоб намудаашон пўшаймон сохтааст.
Итминон аст, хатогиҳои онҳо барои ҷавононе, ки дар дилашон ҳисси ватандўстӣ ҷўш мезанад, ифтихорашон ободӣ ва созандагии ватану саодати халқу миллат аст, сабақе хоҳанд гашт.
Хоҳиши мо модарони соҳиби давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ҳамин аст, ки ҷаҳонбинии фарзандонамон чунон васеъ бошад, ки минбаъд ягон ҷавону ҷавондухтароне ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, ҳатто фикри шомил шуданро накунанд.
Мо модарони тоҷик ҳар гуна зуҳуротҳои номатлубро аз қабили шомил шудан ба ҳизбҳои байналмиллалии терорристиву экстримистӣ, парастидани либосҳои бегона, худкушӣ ва пош хўрдани оилаҳои ҷавон маҳкум намуда, тарафдори тинҷию ободӣ, сулҳу субот ва амнияти кишвари маҳбуби худ ҳастем.
Аз номи як гурўҳ модарони ноҳияи Рўдакӣ








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






