Н.Назарбоев: Байни Тоҷикистону Қазоқистон масоили баҳсӣ вуҷуд надоранд
Душанбе, 14.09.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Байни Тоҷикистону Қазоқистон ягон масъалаи баҳсӣ ва ё нофаҳмӣ дар ягон соҳа вуҷуд надорад, баръакс байни мо ҳусни тафоҳум мавҷуд мебошад, -гуфт Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев имрӯз, 14 сентябр зимни изҳороташ барои матбуот оид ба натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон.
«Тоҷикистон дар мушкилоти обию энергетикӣ дар минтақа ҷои муҳимро ишғол мекунад ва мо, кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд дар ин масъала созиш намоем, на ҷанҷол. Мо бояд ҳамкориямонро ба муддати дароз ба роҳ монем. Махсусияти Тоҷикистон дар он аст, ки дар ин кишвар соҳаи кишоварзӣ хуб ба роҳ монда шудааст ва меваю сабзавоти Тоҷикистон ба мо, ба Қазоқистони Шимолӣ ва Федератсияи Русия заруранд. Аз ҳамин сабаб рушди ин соҳаро бояд боз ҳам хубтар ба роҳ монд»,-таъкид кард Президенти Қазоқистон.
Хотиррасон мекунем, ки имрӯз зимни сафари расмии Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба Тоҷикистон дар радифи як зумра ҳуҷҷатҳо- «Созишнома дар бораи ҳамкории стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон» ва «Барномаи ҳамкорӣ байни ВКХ ҶТ ва ВКХ ҶҚ» ба имзо расиданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






