Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар арафаи иди Қурбон
Душанбе, 23.09.2015 (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз бахшида ба Иди Қурбон дар Регистони Панҷшанбеи маркази вилояти Суғд намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор шуд.
Ярмаркаи мазкур дар асоси дастуру супоришҳои раиси вилоят бо мақсади дастрасии қишрҳои гуногуни ҷомеа ба маҳсулоти кишоварзиву маводи ғизоӣ ташкил карда шуд. Дар он кишоварзони шаҳру навоҳии вилоят маҳсулоти гуногуни хешро аз қабили биринҷ, картошка, харбузаву тарбуз, ангур, карам, сабзӣ ва дигар навъҳои сабзавоту меваҷот бо нархҳои аз 30 то 40 фоиз арзон пешкаши сокинон ва меҳмонони маркази вилоят намуданд.
Дар ярмарка ҳамзамон ҷамъияти матлуботи вилоят, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти ниёзи аввалияро ба фурӯш гузоштанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






