Намоишгоҳи амволи содиротии Чин ба кораш шурӯъ кард
Душанбе, 17.09.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи амволи содиротии Чин таҳти унвони «НМСУ ҶМЧ — Тоҷикистон 2015» ба кораш шурӯъ кард.
Дар робита бо ин, дирӯз раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо сардори Раёсати тиҷорати Ҳукумати мардумии Ноҳияи Мухтори Синҷону Уйғур Ся Гуантай, ноиби раиси ноҳияи Оқсуи НМСУ Мутолиб Розӣ ва муовини сардори раёсати бахши тиҷорати Ҳукумати мардумии НМСУ Наҷот Ёсин мулоқот анҷом дод.
Дар ҷараёни суҳбат масоили рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодии миёни Тоҷикистон ва НМСУ, ҳамчунин дурнамои густариши момилоти моли дуҷониба мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
«Ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин рушди босуръату судманд хос аст», — гуфт Шариф Саид.
«Ҳукумати НМСУ барои рушду густариши равобити минтақавии байни НМСУ ва Тоҷикистон минбаъд ҳам саъю кӯшиш менамояд, то минтақаи иқтисодии «Роҳи абрешим» бо се вазифаи стратегии Тоҷикистон, яъне ба даст овардани мустақилияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ созгор бошад», — зикр намуд Ся Гуантай.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






