Намоиши аксҳо дар “Қасри миллат”
Душанбе,15.09.2015. (АМИТ “Ховар”). — Тавре ки ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, қабл аз баргузории ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД дар саҳни “Қасри миллат” барои президентони кишварҳои аъзои СААД: Арманистон — Серж Саргсян, Беларус — Александр Лукашенко, Қазоқистон — Нурсултон Назарбоев, Қирғизистон — Алмазбек Атамбоев ва Федератсияи Русия — Владимир Путин аз тарафи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши аксҳо баргузор шуд.
Намоиши аксҳо таҳти унвони “СААД — сипари боэътимод дар роҳи интиқоли маводи мухаддир” ҷараён гирифта, он машқҳои “Раъд-2015”-ро, ки аз 24 август то 4 сентябри соли равон дар ҳудуди Тоҷикистон бо иштироки ниҳодҳои кишварҳои аъзои СААД дар ду марҳила баргузор гардида буд, инъикос менамояд. Дар қисмати дуюми намоиши аксҳо, ки таҳти унвони “Тоҷикистон дар хатти аввали мубориза бар зидди маводи мухаддир” мегузарад, нишон дода мешавад, ки кишвари мо дар давоми 15 соли охир аз муомилоти ғайриқонунӣ 110 тонна маводи мухаддир, аз ҷумла 34 тонна героин ва 38 тонна афюнро мусодира кардааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






