Намояндаи ФФТ- комиссари бозиҳои интихобии Осиё-2016
Душанбе, 16.09.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Сардори шуъбаи байналмилалии Федератсияи футболи Тоҷикистон Давлатманд Исломов комиссари бозиҳои марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 байни наврасони то 16-сола дар гурӯҳи «F» таъйин шуд.
Тавре ки дар ин бора Федератсияи футбол хабар дод, мусобиқаи ин гурӯҳ аз 16 то 20 сентябр дар шаҳри Ал-Кувайти давлати Кувайт баргузор мешавад. Барои баромадан ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа дар ин гурӯҳ тимҳои мунтахаби наврасони Кувайт, Сурия ва Афғонистон рақобат мекунанд.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов барои иштирок дар бозиҳои марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 ба шаҳри Дохаи Қатар сафар карданд.
Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо тимҳои мунтахаби наврасони Қатар, Ироқ ва Туркманистон барои баромадан ба марҳилаи ниҳоӣ мубориза мебарад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






