Натиҷаҳои татбиқи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо»
Душанбе, 18.09.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-16 ва 17 сентябр дар ноҳияҳои Темурмалик ва Муъминободи вилояти Хатлон оид ба натиҷаҳои ҷории фаъолияти лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» машварати корӣ доир гардид.
Тавре ки намояндаи лоиҳаи мазкур Муҳриддин Музаффаров хабар дод, дар машварат дастовардҳои лоиҳа, чорабиниҳои нақшавии он, самтҳои афзалиятноки рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо, беҳтар намудани ҳолати онҳо, тақвият ва дастгирии ҷамъиятҳои чарогоҳистифодабарандагон ва дигар масъалаҳои татбиқи лоиҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Оид ба ташаккули даромаднокӣ барои занон, ки яке аз қисматҳои лоиҳа ба шумор меравад, нисбат ба дастгирии занони деҳот, ба шуғли меҳнатӣ фаро гирифтани онҳо ва дар ин замина беҳтар намудани сатҳи зиндагии онҳо дар заминаи чорабиниҳое, ки аз ҷониби Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» таҳия гардидаанд, як зумра корҳо ба нақша гирифта шудаанд ва дар машварат равандҳои асосии онҳо фаҳмонида шуданд. То имрӯз аз ҷониби Муассисаи давлатии Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» дар ноҳияҳои фарогири лоиҳа, ки дар вилояти Хатлон ҷойгир шудаанд, 152 ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳ ташкил гардида, барои беҳтар гардидани фаъолияти истеҳсолӣ ба аҳолӣ техника ва дигар мошинолотҳои кишоварзӣ дастрас шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» амалӣ шуда истодааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






