Номаи шодбошии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 08.09.2015. (АМИТ «Ховар»).
Ба Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон,
Ба муносибати 24-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин, халқи Чин ва ҳамчунин шахсан аз номи худам ба Шумо ва дар симои Шумо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи дӯст табрикоти самимона ва таманниёти беҳтаринро изҳор медорам.
Дар оғози ин моҳ Шумо ба Чин сафар намуда, дар чорабиниҳо бахшида ба 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги муқовимати халқи Чин бар истилогарони Япония ва ҷанги ҷаҳонӣ бар зидди фашизм иштирок кардед. Мо оид ба ҳамкории Тоҷикистону Чин ва ҳамчунин оид ба масоили таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуда, ба мувофиқаи умумӣ расидем. Ман омодаам, ки якҷоя бо Шумо робитаи наздикро ба роҳ монда, баҳри вусъати мунтазами ҳамкории минбаъдаи Тоҷикистону Чин кӯшиши якҷоя ба харҷ диҳам.
Ба Шумо саломатии бардавом ва дар корҳоятон комёбиҳо таманно дорам.
Ба Тоҷикистони дӯст шукуфоӣ ва ба мардуми он хушбахтӣ орзумандам.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин
Си Ҷинпин,
ш. Пекин, 8 сентябри соли 2015.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






