Нурсултон Назарбоев: «Тоҷикистон шарики муҳими стратегии Қазоқистон аст”
Душанбе, 14.09.2015. (АМИТ “Ховар”). — Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев зимни музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон иброз дошт. Ӯ аз ҷумла гуфт: “Тоҷикистон шарики муҳими стратегии Қазоқистон аст ва барои таҳким ва густариши минбаъдаи чунин шарикӣ аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда пурсамар истифода бояд кард”.
Ёдовар мешавем, ки зимни сафари расмии Президенти Қазоқистон ба Тоҷикистон пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии ҳарду давлат Аҳднома оид ба шарикии стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон аз ҷониби сарони давлатҳои Тоҷикистону Қазоқистон Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев ба имзо расид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






