Ҳоҷиёни тоҷик саломатанд!
Душанбе, 25.09.2015, (АМИТ «Ховар»).-Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар фоҷиаи охире, ки дар Маккаи мукаррама ба вуқӯъ пайваст ва боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, ҳоҷиёни Тоҷикистон осеб надидаанд. Имрӯз ҳоҷиёни тоҷик маносики ҳаҷро ба охир расониданд ва дар назар аст аввалин парвози эшон ба Ватан 28-29 -уми сентябр оғоз гардида, то 14-уми октябр идома ёбад.
Ҳоҷиёне, ки аз самтҳои Душанбе ва Хуҷанд ба Мадинаи мунаввара парвоз анҷом дода буданд, дар навбати аввал аз тариқи фурӯдгоҳи Ҷидда ба Ватан фиристода мешаванд. Аммо зоироне, ки ба самти Ҷидда парвоз анҷом дода буданд, аз 8 то 10 рӯзи дигар аз Мадинаи мунаввара боздид намуда, баъдан ба Ватан бармегарданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






