Ҳоҷиёни Тоҷикистон ба Мино сафарбар гардиданд
Душанбе, 22.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Шаби 21 ба 22-юми сентябр зоирони Тоҷикистон эҳром ба бар намуда, барои адои Ҳаҷҷи фарзӣ ба водии Мино роҳсипор шуданд. Барои кӯчонидани зоирон аз меҳмонхонаҳо ба водии Мино нақлиёти мусофиркашон аз ҷониби масъулони ширкати ҳизматрасон таъмин шудааст. Бурдани зоирон ба водии Мино соати 22:00-и шаби гузашта оғоз шуд. Ҳамин тавр, то дамидани субҳи имрӯз, 22-юми сентябр ҳамаи зоирони Тоҷикистон ба водии Мино сафарбар ва бо хаймаҳои муҷаҳҳаз таъмин гардиданд. Ҳоҷиёни Тоҷикистон баъди муддати муайяни иқомат дар Мино, як рӯз қабл аз иди Қурбон ба мавзеи “Арафот” сафарбар мегарданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






