Оғози сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Сентябрь 27, 2015 05:30

Душанбе, 27.09.2015 (АМИТ «Ховар»).- Шоми дирӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Саммити бахшида ба ҷашни 70-солагии Созмони Милали Муттаҳид, мубоҳисоти умумии Иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва мулоқоти СММ дар сатҳи олӣ ҷиҳати тасдиқи Рӯзномаи рушд барои давраи баъди соли 2015 ба шаҳри Ню-Йорки ИМА омад. Субҳи имрӯз дар доираи мубоҳисоти умумии Иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистон чорабинии сатҳи баланд дар ҳошияи саммити СММ оид ба мавзӯи «Ҳавасмандгардонии раванди татбиқи амалӣ ва дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи об»-ро бо иштироки Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва як қатор Сарони давлатҳои узви СММ хоҳад орост.

Ҳамчунин интизор меравад, ки Сарвари Давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чандин ҳамоишҳои дигари сатҳи олӣ, аз ҷумла: муколамаи интерактивии Саммити 2015 оид ба мавзӯи «Ба хотири ҳифзи сайёраи мо ва дар ҷодаи пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим», Форуми сатҳи баланди кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкӣ, чорабинии сатҳи баланди «Аз Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола то Ҳадафҳои Рушди Устувор дар минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором», Саммити сарварони ҷаҳонӣ оид ба мубориза бо ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» ва як силсила мулоқотҳои дуҷонибаи судманд бо сарони кишварҳои узв ва созмонҳои байналмилалӣ анҷом хоҳад дод. Бояд тазаккур дод, ки Ҷаласаи ҷашнии 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ш.Ню-Йорк дар қароргоҳи Созмони Милал 15 сентябр оғоз ёфт. Имсол Могенс Люккетофт, собиқ раиси парлумони Шоҳигарии Дания, ба ҳайси Раиси Маҷмаи Умумии СММ интихоб гардид. Мубоҳисаҳои умумии солонаи Маҷмаи Умумӣ аз 28 сентябр то 3 октябр баргузор мегарданд. Иштирок ва суханронии 154 сарони давлату ҳукуматҳо дар ин иҷлос, аз ҷумла сарварони давлатҳои Федератсияи Россия Владимир Путин, Хитой Си Ҷинпин, Эрон Ҳасан Руҳонӣ, Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов, Арманистон Серж Саргсян, Беларус Александр Лукашенко, Украина Петро Порошенко, Штатҳои Муттаҳидаи Америка Барак Обама, канслери Олмон Ангела Меркел, Фаронса Франсуа Олланд, инчунин раиси иҷроияи Ҳукумати Ваҳдати миллии Афғонистон Абдулло Абдулло, Сарвазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва дигарон дар назар аст. Ҳайатҳои ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Узбекистон ва Озарбойҷонро дар иҷлос вазирони корҳои хориҷии ин кишварҳо роҳбарӣ менамоянд. Зимни муҳокимарониҳои умумисиёсӣ 485 чорабинӣ пешбинӣ шудааст, ки онро ҳадди ақал се ҳазор хабарнигор инъикос хоҳад кард. Рӯзномаи Иҷлоси 70-уми Маҷмаи Умумии СММ аз 170 масъала иборат буда, фарогири мавзӯъҳои умумии ба монанди мусоидат ба болоравии мунтазами иқтисодӣ ва рушди устувор, пешгиии пайомадҳои ногувори тағйирёбии иқлим нигоҳдории сулҳу амнияти байналмилалӣ, рушди Африка, ҳифз ва ҳавасмандгардонии ҳуқуқҳои инсон, ҳамоҳангсозии муассири талошҳо оид ба расонидани кумаки башардустона, халъи силоҳ, назорати маводи нашъаовар, пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ дар ҳамаи шаклу зуҳуроти он мебошад.

Сентябрь 27, 2015 05:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд