Оғози сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
Душанбе, 27.09.2015 (АМИТ «Ховар»).- Шоми дирӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Саммити бахшида ба ҷашни 70-солагии Созмони Милали Муттаҳид, мубоҳисоти умумии Иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва мулоқоти СММ дар сатҳи олӣ ҷиҳати тасдиқи Рӯзномаи рушд барои давраи баъди соли 2015 ба шаҳри Ню-Йорки ИМА омад. Субҳи имрӯз дар доираи мубоҳисоти умумии Иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистон чорабинии сатҳи баланд дар ҳошияи саммити СММ оид ба мавзӯи «Ҳавасмандгардонии раванди татбиқи амалӣ ва дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи об»-ро бо иштироки Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва як қатор Сарони давлатҳои узви СММ хоҳад орост.
Ҳамчунин интизор меравад, ки Сарвари Давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чандин ҳамоишҳои дигари сатҳи олӣ, аз ҷумла: муколамаи интерактивии Саммити 2015 оид ба мавзӯи «Ба хотири ҳифзи сайёраи мо ва дар ҷодаи пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим», Форуми сатҳи баланди кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкӣ, чорабинии сатҳи баланди «Аз Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола то Ҳадафҳои Рушди Устувор дар минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором», Саммити сарварони ҷаҳонӣ оид ба мубориза бо ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» ва як силсила мулоқотҳои дуҷонибаи судманд бо сарони кишварҳои узв ва созмонҳои байналмилалӣ анҷом хоҳад дод. Бояд тазаккур дод, ки Ҷаласаи ҷашнии 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ш.Ню-Йорк дар қароргоҳи Созмони Милал 15 сентябр оғоз ёфт. Имсол Могенс Люккетофт, собиқ раиси парлумони Шоҳигарии Дания, ба ҳайси Раиси Маҷмаи Умумии СММ интихоб гардид. Мубоҳисаҳои умумии солонаи Маҷмаи Умумӣ аз 28 сентябр то 3 октябр баргузор мегарданд. Иштирок ва суханронии 154 сарони давлату ҳукуматҳо дар ин иҷлос, аз ҷумла сарварони давлатҳои Федератсияи Россия Владимир Путин, Хитой Си Ҷинпин, Эрон Ҳасан Руҳонӣ, Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов, Арманистон Серж Саргсян, Беларус Александр Лукашенко, Украина Петро Порошенко, Штатҳои Муттаҳидаи Америка Барак Обама, канслери Олмон Ангела Меркел, Фаронса Франсуа Олланд, инчунин раиси иҷроияи Ҳукумати Ваҳдати миллии Афғонистон Абдулло Абдулло, Сарвазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва дигарон дар назар аст. Ҳайатҳои ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Узбекистон ва Озарбойҷонро дар иҷлос вазирони корҳои хориҷии ин кишварҳо роҳбарӣ менамоянд. Зимни муҳокимарониҳои умумисиёсӣ 485 чорабинӣ пешбинӣ шудааст, ки онро ҳадди ақал се ҳазор хабарнигор инъикос хоҳад кард. Рӯзномаи Иҷлоси 70-уми Маҷмаи Умумии СММ аз 170 масъала иборат буда, фарогири мавзӯъҳои умумии ба монанди мусоидат ба болоравии мунтазами иқтисодӣ ва рушди устувор, пешгиии пайомадҳои ногувори тағйирёбии иқлим нигоҳдории сулҳу амнияти байналмилалӣ, рушди Африка, ҳифз ва ҳавасмандгардонии ҳуқуқҳои инсон, ҳамоҳангсозии муассири талошҳо оид ба расонидани кумаки башардустона, халъи силоҳ, назорати маводи нашъаовар, пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ дар ҳамаи шаклу зуҳуроти он мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






